Чаро раисҷумҳур писарашро ба хидмати низомӣ фиристод

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкСовместные учения Коллективных сил оперативного реагирования (КСОР) ОДКБ, архивное фото
Совместные учения Коллективных сил оперативного реагирования (КСОР) ОДКБ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур гуфт, ки дар паи ислоҳоти ҳарбӣ эътибори Қувваҳои мусаллаҳ баланд шуд

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Кишвардори Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар маросими расмӣ ба муносибати 25 — солагии ташкили Қувваҳои мусаллаҳи ҶҚ далели ба хизмати ҳарбӣ равон кардани писарашро гуфт.

Бино ба иттилоъи Sputnik Қирғиизстон, ӯ ёдовар шуд, ки дар паи баргузории ислоҳоти ҳарбӣ эътибори Қувваҳои мусаллаҳ дучанд шуд.  Шумораи хоҳишмандон зиёд шуда, сифати сарбозон баланд шудааст — имрӯз 30 фисади сабозонро хатмкунандагони макотиби олӣ ташкил медиҳанд.

"Барои санҷиши авзоъи хидматӣ ва артиш, ман писарамро ба сарбозӣ фиристодам. Ӯ хидмат мекунад ва ман ҳамаашро аз дасти аввал мешунавам", — гуфт Отамбоев.

Вай ҳамчунин қайд кард, ки Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон вақтҳои охир аз ҷониби шарикони байнулмилалӣ баҳои баланд гиритфа истодаанд.

Лентаи хабарҳо
0