ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Як зану шавҳар дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд ҳангоми кандани мабраз ҷони худро бохтанд.
Шаҳзода Бутаева карманди Ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, 29-уми май, тақрибан соатҳои 16:00 дар маҳаллаи Чашмаи Арзана зану шавҳаре ҳангоми кандани мабраз ё ташноб дар фозилоб ғарқ шуданд.
Ба гуфтаи вай, сардори хонавода — марди 29-сола, мехоста дар канори ташноби пуршуда мабарзи дигаре канад, вале аз беэҳтиётӣ фосиларо кам гирифта будааст. Ҳангоми канду ков ташноби пуршуда шикофта шуда, фозилобаш ин мардро ғарқ кардааст.
Ҳамсари ӯ низ, ки ба ёриаш шитофта буд, дар он чоҳ меафтад. Доду фарёдашонро ҳамсояи 66-солаашон шитофта, ӯ низ ба мабраз меафтад.
Замон, ки кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқуллода ба ҷойи ҳодиса расиданд, зану шавҳар ҷон бохта буданд. Онҳо танҳо тавонистанд марди 66-соларо, ки беҳуш шуда буд аз он фозилоб берун оранд.