Насим Олимзода дар Олмон иҷрои тарҳҳои беҳдоштиву иҷтимоъиро баррасӣ кард

© Фото : Министерство иностранных дел РТВстреча Насима Олимзода с сопредседателем таджикско-немецкой межправительственной комиссии
Встреча Насима Олимзода с сопредседателем таджикско-немецкой межправительственной комиссии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Насим Олимзода дар раванди сафар ба Олмон бо раиси бахши олмонии Кумисюни ҳамкориҳои фанниву иқтисодии Тоҷикистону Олмон Катрин Оллерс ва мудири минтақаии Бонки рушди Олмон (KfW) Олаф Зимелка дидору мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Насим Олимзода дар мулоқот бо Катрин Оллерс, ки дар шаҳри Бонн баргузор шуда, аз ҷониби олмонӣ барои пуштибонии ҳамаҷониба дар рушди бахшҳои иҷтимоии Тоҷикистон, бавижа бахши тандурустӣ, сипосгузорӣ кардааст.

"Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳамакнун дар Тоҷикистон бо дастгирии мустақими молии кишвари Олмон тарҳҳое дар заминаи ҳифзи саломати модару кӯдак, пешгирӣ аз бемории сил, муҷаҳҳаз кардани бемористонҳо бо таҷҳизоти пешрафтаи олмонӣ иҷро мешаванд", — гуфта шуда дар гузориши дафтари иттилоърасонии ВКХ ҶТ.

Олимзода ва Оллерс ҳамкориҳои ду кишваро "судманду муҳим" арзёбӣ карда, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар иҷрои тарҳҳои иҷтимоъӣ, бавижа дар заминаи беҳдошту ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолӣ эълом кардаанд.

ВКХ ҶТ ҳамчунин иттилоъ дода, ки Насим Олимзода дар шаҳри Франкфурти лаби Майн бо мудири минтақаии Бонки рушди Олмон (KfW) Олаф Зимелка низ мулоқот кардааст. Дар ин дидор масъалаҳои вобаста ба тарҳҳое, ки бо пуштибонии молии Бонки рушди Олмон дар бахшҳои иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд, баррасӣ шуданд.

Дар ин дидору мулоқотҳо сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов низ ширкат доштааст.

Лентаи хабарҳо
0