Нашри рӯйхати донишҷӯёни мошинсавор дар вазорат

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкВ салоне автомобиля, архивное фото
В салоне автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохила рӯйхати 57 донишҷӯро, ки аз 11 май то 25 ҳамин моҳ савори мошини шахсӣ ба донишгоҳ ҳозир шудаанд, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Бино ба додаҳои равобити умумии вазорат 57 донишҷӯи мошинсавор асосан ба набастани тасмаи бехатарӣ ҳангоми ҳаракат ва гуфтугӯи телефонӣ айбдор мешаванд.

Чанде нафаре аз онҳо барои аз муоинаи техникӣ нагузаоронидани худрав мутаҳҳам мешаванд.

Дар ин рӯйхат ному насаби донишҷӯ, ҷои таҳсил, намуди қоидавайронкунӣ ва санаи ба қайдгирии қоидавайронкунӣ оварда шудааст.

Дар умум дар давоми 14 рӯзи моҳи май 57 донишҷӯ қоидаи ҳаракат дар роҳҳо вайрон кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан низ ВКД рӯйхати донишҷӯёни мошинсаворро нашр карда буд. Дар давоми чор моҳи аввали сол ба ин рӯйхат 313 донишҷӯи мошинсавор дохил шуданд.

Лентаи хабарҳо
0