ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Аббосов аз ширкати мусулмонони Русия дар ҳаёти динӣ ёдовар шуда, нақши тоҷиконро дар густариши ислом ва фарҳанги мусулмониро барҷаста хонд.
"Тоҷикон ҳануз ҳам нақши созанда доранд. Чунончи, бисёре аз қориҳо ва олимони Қуръони маҷид дар Русия аз Тоҷикистон ҳастанд. Қориҳои тоҷик Каломуллоҳро бо овози дилнишину гӯшнавозашон ороиш медиҳанд. Ҳамин як далел худ гувоҳ бар пешрафти мактаби ҳифзу қироати Қуръони карим дар Тоҷикистон аст", — таъкид кард вай.
Домулло Рӯшан Аббосов ҳамаи тоҷиконро ба "Масҷиди ёдбуди шуҳадо", ки дар Поклонная гора (хиёбони Минская, 2Б) ҷой дорад ба "Хаймаи Рамазон" даъват кард.
"Тоҷикистон 3 июн дар "Хаймаи Рамазон" ифтор барпо мекунад. Хайма дарашро соати 21:05 ба рӯи рӯзадорон боз хоҳад кард", — гуфт Рӯшан Аббосов.