ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Ҳунарнамоӣ дар Маскав аз консерти Санкт- Петербург фарқ хоҳад кард, чун сароянда қасд дорад, дар ин консерташ дар рӯи об суруд хонад.
"Дар нақша саҳани шишагӣ, дарёча, чароғҳои рӯшноидиҳанда ва консерт зери осмони кушод", — навиштааст сароянда дар саҳифаи фейсбукии худ.
Барномаи ҳунарӣ рӯзи 7 июл соати 20:00 дар театри сабзи ВДНХ дар Маскав баргузор мешавад.
Нархи чиптаҳо аз 3500 рубли русӣ то 12000 арзиш дорад.
Қаблан Манижа Сангин дар Петербург бо овози зинда нахустин консерташро баргузор кард.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл дар Маскав овозхонони номдори тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева ва Шабнам Сурайё ҳунарнамоӣ карданд.