Ҳалокати се мусофир дар роҳҳои Тоҷикистон

© Sputnik / Александр НестеровДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳалокати се мусофир хабар медиҳад, ки танҳо ҳафтаи сипаришуда дар натиҷаи садама дар роҳҳои кишвар ба ҳалокат расидаанд
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. 25-уми майи соли 2017, тахминан соати 16:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тико, марди 31-солаи сокини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи “Айнӣ-Панҷакент”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” таҳти идораи ронанда, марди 26-солаи сокини шаҳри Панҷакент бархӯрдааст. 

Чуноне ки дафтари матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тико” ва мусофираш, мӯйсафеди 86-солаи сокини ноҳияи Айнӣ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари автомашинаи мазкур зани 74-солаи сокини ноҳияи Айнӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Як ҳодисаи дигар, ки боиси марги ноболиғ гаштааст, дар шаҳри Турсунзода рух додааст. Тибқи ахбори манбаъ, 26-уми майи соли 2017, тахминан соати 16:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра, марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав, духтарчаи 14-солаи ҷамоати деҳоти мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0