ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Тавре вебгоҳи Сафорати Тоҷикистон дар ФР хабар медиҳад, чорабинӣ таҳти унвони "Садоқат ва ватандӯстӣ" баргузор гардида дар он донишҷӯёни тоҷик ва сиёсатмадорону кормандони Сафорати ҶТ дар ФР иштирок доштанд.
Бино бар иттилои манбаъ, дар маросими "Садоқат ва ватандӯстӣ" Саидмурод Фаттоҳзода — муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Лутфия Раҷабова — Раиси Кумитаи оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳматулло Мирбобоев — Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фароғат Азизӣ — Ректори консерваторияи миллии Тоҷикистон ва Аҳмадрафиқ Ҳомидов — Мудири шӯъбаи кор бо сохторҳои маҳаллӣ ва созмонҳои байналмилалию ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳозир шуданд.
Дар ин чорабинӣ донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои мухталифи шаҳри Москва, ба иштирокдорони маросим саволҳо пешниҳод намуда, ба он посух гирфтанд.
Дар рафти суханрониҳои иштирокдорони маърака қайд гардид, ки Ҳукумати ҶТ ҷовононро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.