Медали тилло: Комроншоҳи Устопириён қаҳрамони дзюдои Осиё шуд

© Фото : Официальная страницаКомроншохи Устопириен, архивное фото
Комроншохи Устопириен, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишгари номии кишвар Комроншоҳи Устопириён дар сабқати ҷудо дар чемпионати Осиё соҳиби медали тилло гардид

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Имрӯз варзишгари тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Ҳонконг дар чемпионати Осиё оид ба дзюдо  соҳиби ҷойи аввал шуд.

Тавре вебгоҳи Федератсияи байналмилалии дзюдо хабар медиҳад, дар ин мусобиқа қаҳрамони тоҷик соҳиби медали тилло гардидааст.

Комроншоҳ дар давраҳои сабқат бо ҳарифонаш аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон,, Ҷопон қувваозмоӣ намуда,  онҳоро шикаст додааст.

Дар давраи ниҳоӣ, ки мирӯз баргузор шуд, Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг ҳарифаш Ислом Бозбоевро аз Қазоқистон шикаст дода, соҳиби медали тилло гашт.

Дар Ҷоми ҷудои Осиё, ки аз 26-28 май дар Ҳонгконг баргузор мешавад,  Тоҷикистонро 7 тан варзишкор намояндагӣ мекунанд. Онҳо варзишгарон Сӯҳроб Боқиев, Хушқадам Хусравов, Саидмухтор Расулов, Хоҷазода Беҳрӯз, Садр Боев ва Комроншоҳи Устопириён мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0