ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Равобити умуми Ҳукумати ноҳияи Ашт бо нашри гузорише иттилоъ дод, ки айни замон дар ноҳия мавсими содироти зардолуи тар оғоз гардид ва корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Зардолу ва Кампания", ки ҳамасола миқдори зиёди зардолуро банду баст ва содирот менамояд, зардолуҳои истеҳсоли ноҳияро ба Русия ирсол намуд.
Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ашӯров Пӯлод дар ин ноҳия соли 2013 ташкил карда шудааст ва ҳама сола зиёда аз 1000 тонна зардолуи тарро ба хориҷ- Русия содир мекунад.
Илова бар ин, дар ин корхона 40 сокин ноҳия ба кор таъмин гардидаанд.
Ба иттилои манбаъ коргоҳи соҳибкор Ашӯров Пулот дорои якчанд сардхона буда, дохили он зардолу нигоҳ дошта мешавад. Соли ҷорӣ бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ ба ин коргоҳ техналогияи нави италиявӣ ворид гардид, ки он тариқи автоматӣ зардолуро бе осеб дидан банду баст менамояд. Ин техникаи нави банду басти зардолуи тар дар як шабонарӯз то 50 тонна зардолуро метавонад коркард намояд.