Шаҳрдории Душанбе ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон омодагӣ мебинад

© Фото : пресс-служба президента РТТаджикские дети в одежде из атласа
Таджикские дети в одежде из атласа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз рафти таҷлили Иди кӯдакон тавассути расонаҳои шаҳрӣ иттилоъ дода хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Тавре равобити умуми шаҳрдории пойтахт иттилоъ медиҳад, ҷиҳати  дар сатҳи баланди ташкилӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ғоявию бадеӣ таҷлил намудани  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, шаҳрдории Душанбе қарор қабул кардаст, ки дар ин рӯз як қатор маросимҳо баргузор карда шавад.

Ҳамин тавр, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ, ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 1 июни соли 2017  дар Муассисаи давлатии фарҳангиву фароғатии "Аҳорун»" чорабинии идонаи фарҳангиву фароғатӣ таҳти унвони "Мо ғунчаҳои баҳори Ваҳдатем"  ташкил ва гузаронида мешавад.

Илова бар ин, раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣдар шаҳри Душанбе, тандурустӣ ва Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии ёрии таъҷилӣ ва бехатарии зидди сӯхтор ҳангоми баргузории чорабиниҳо тадбирҳои дахлдор андешанд.

Аз рафти чорабиниҳо ба воситаи расонаҳои шаҳрӣ иттилоъ дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0