ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Бозсозии ин кох, ки яке аз куҳантарин сохтмонҳои пойтахти Тоҷикистон аст, беш ах 3,5 милюн дулор ҳазина хоҳад дошт.
Хабаргузории "ТоҷикТА" бо гуфтовард аз манбаъе дар давлати Тоҷикистон гуфта, ки қарор аст барои бозсозии "Кохи Ваҳдат" 30 милюн сомонӣ ҳазина шавад.
Бино ба тарҳи бозсозии ин сохтмон, намои берунии Кохи Ваҳдат навсозӣ ва гунҷоиши толори бузургаш аз як ҳазору дусад то ду ҳазор сандалӣ густаронда хоҳад шуд. Барои иҷрои ин тарҳ як сол замон дар назар гирифта шудааст.
"Кохи Ваҳдат" дар замони шуравӣ сохта шуда буд ва меъморони онро бо ҷоизаи Шурои вазирони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз карда буданд. Акнун дар ин кох барномаҳои расмии давлати Тоҷикистон баргузор мешаванд.