Руҳонии Русия: Тоҷикон дар густариши ислом нақши барҷаста доранд

© © Sputnik/ Александр ВильфПервый заместитель председателя Духовного управления мусульман России Рушан Аббясов
Первый заместитель председателя Духовного управления мусульман России Рушан Аббясов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини аввали раиси Идораи динии мусулмонони Русия Рӯшан Аббосов нақши тоҷикон дар густариши ислом ва фарҳангиро мусулмониро барҷаста хонд

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Муовини аввали раиси Идораи динии мусулмонони Русия Рӯшан Аббосов дар остонаи фаро расидани моҳи мубораки Рамазон аз аҳамияту фазилати рӯза гирифтан гуфт.

Ин руҳонӣ бар фарз будани рӯза дар моҳи Рамазон таъкид кард ва гуфт, рӯзаро чунон бояд гирифт, ки ҳам барои руҳ муфид бошад ва ҳам барои ҷисм.

"Ҳар инсоне бегумон бояд бикӯшад, ки худро комил кунад. Ӯ бояд барномае барои такмилу такомули руҳонӣ ва ҷисмонӣ дошта бошад. Моҳи мубораки Рамазон яке аз фурсатҳоест, ки инсон дар он метавонад чунин барномаеро иҷро кунад", — гуфт домулло Аббосов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

"Башар доруе надорад, ки онро чун қурс бихӯраду ислоҳ шавад. Ин ислоҳу такмилу такомул бо мубориза бо нафс ба даст меояд. Яке аз фазилатҳои моҳи мубораки Рамазон ҳамин аст, ки бо рӯза гирифтан дар тули он инсон худро руҳан ва ҷисман пок мегардонад ва аз баракати Худованд бархурдор мешавад", — таъкид кард вай.

Домулло Аббосов ёдоварӣ кард, ки яке аз вижагиҳои фарҳангӣ исломӣ ин аст, ки муъминон бояд кӯшиш кунанд ҳамеша накӯкору дурусткор бошанд ва дар моҳи мубораки Рамазон бар ин кӯшишу талошашон бияфзоянд.    

Вай ҳамчунин аз нақши тоҷикон дар густариши ислом ва фарҳанги исломӣ дар ҷаҳон умуман ва Русия хусусан ёд кард ва онро барҷаста хонд.

"Тоҷикон ҳануз ҳам нақши созанда доранд. Чунончи, бисёре аз қориҳо ва олимони Қуръони маҷид дар Русия аз Тоҷикистон ҳастанд. Қориҳои тоҷик Каломуллоҳро бо овози дилнишину гӯшнавозашон ороиш медиҳанд. Ҳамин як далел худ гувоҳ бар пешрафти мактаби ҳифзу қироати Қуръони карим дар Тоҷикистон аст", — таъкид кард вай.

Домулло Рӯшан Аббосов ҳамчунин гуфт, ки ҳар сол дар моҳи мубораки Рамазон ҳар як аз манотиқи мусулмоннишин Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар назди "Масҷиди ёдбуди шуҳадо", ки дар Поклонная гора (хиёбони Минская, 2Б) ҷой дорад, "Хаймаи Рамазон" барпо ва ҳар шом ба навбат ифтор баргузор мекунанд.

Имсол ин барнома аз 27 май то 25 июн баргузор мешавад. Бино ба ҷадвали барномаи ифтор, навбати Тоҷикистон 3 июн мерасида ва "Хаймаи Тоҷикистон" дарашро соати 21:05 ба рӯи рӯзадорон боз хоҳад кард.   

Лентаи хабарҳо
0