ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Имрӯз дар Маскав нишасти Шурои вазирони дифоъи кишварҳои узви Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд ба муносибати 25-умин солгарди таъсиси ин ниҳод баргузор мешавад.
Бино ба иттилоъи дафтари иттилоърасонии Вазорати дифоъи Русия, ин нишастро Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия, раёсат хоҳад кард.
"Дар ин ҷаласа ҳайъатҳои расмии вазоратҳои дифоъи Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ва ҳамчунин намояндагоне аз Кумитаи иҷроия ва коргурӯҳҳои Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд ва сохтори зиддитеруристии Созмони ҳамкории Шонгҳой ширкат хоҳанд кард", — гуфта мешавад дар иттилоъияи вазорати русӣ.
Қарор аст дар ин нишаст аз ҳамкориҳои низомии кишварҳо ҳамсуд дар 25 сол натиҷагирӣ шавад ва ҳамчунин роҳу чораҳои густариши ҳамкуниш дар заминаи низомӣ миёни ин кишварҳо баррасӣ шавад.
Чанде пеш дар шаҳри Олматӣ ҳафтоду ҳафтумин нишасти Шурои фармондеҳони нерӯҳои марзбонии кишварҳои ҳамсуд баргузор шуда буд, ки дар он масоъили фароҳамсозии амнияту субот дар марзҳои байналмилалии кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд.
Фармондеҳони нерӯҳои марзбонии кишварҳои ҳамсуд дар ин нишаст аз вуҷуди таҳдидҳо аз хориҷ ба амнияту субот дар кишварҳои узви Иттиҳодия ҳушдор дода ва роҳу чораҳое барои хунсосозӣ ва пешгирии онҳо пешниҳод карданду тасмимоти лозим дар ин заминаро тасвиб карданд.