Ҷасади кӯдаки 10-сола ва марди 34-сола пас аз садама аз дарё ёфт шуд

© Sputnik / Мариус Баранаускас / Гузариш ба медиабонкРека. Архивное фото
Река. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Автомашинаи тамғаи “ДЭУ Ланос” таҳти идораи ронанда- зани 32-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми аз истираҳатгоҳи Варзоб баромадан, ба дарё чаппа мешавад

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Тавре равобити умуми ВД ҶТ хабар медиҳад, 24-уми майи соли 2017, тахминан соати 13:30-дақиқа, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ ҷасадҳои марди 34-сола ва писарбачаи 7-солаи сокинони шаҳри Душанбе, ки пас аз садамаи нақлиётӣ ба дарёи Варзоб ғарқ шуда буданд, дарёфт карда шуданд.

Тавре хабар дода мешавад, ҳодисаи ғарқшавии онҳо  рӯзи 21-уми майи соли равон, тахминан соати 17:00 рух дода будааст.

Худрави тамғаи "ДЭУ Ланос", таҳти идораи зани 32-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳангоми аз истироҳатгоҳи ҳудуди ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа баромаданаш, дар километри 23-юми шоҳроҳи Душанбе-Варзоб-Хуҷанд, аз болои пули мошингузари истироҳатгоҳи мазкур ба дарёи Варзоб чаппа шуда буд.

Дар натиҷа, ҷасади ронанда дарёфт гардида, писарбачаи 10-солааш аз дохили дарё наҷот дода шуда будааст.

Лентаи хабарҳо
0