ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Шоми дирӯз бозии охирини даври ёздаҳуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои "Истиқлол"-и Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд баргузор шуд.
Тавре равобити умуми Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, бозии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид ва дар ин дидор дастаи "Хуҷанд" бо ҳисоби 0:3 аз дастаи "Истиқлол" шикаст хӯрд.
Голҳои дастаи "Истиқлол"-ро ба дарвозаи "Хуҷанд" Ромиш Ҷалилов, Дмитрий Барков ва Соҳибҷон Ҳакимов ба ҳадаф расониданд.