ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева дар маҳаллаи Бар-Хоруғ маросими гузоштани хишти аввали Бемористони Оқохон гузаронида шуд.
Муҳандиси сохтмон Сулаймон Сулаймонов хабар дод, ки дар навбати аввал сохтмони дармонгоҳ сохта мешавад, ки он барои расондани хадамоти пизишкӣ 48 кат хоҳад дошт.
Сипас, дар давоми 3 — 4 соли оянда шумораи катҳо ба 254 то расонда хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, ки Бемористони Оқохон дар шаҳри Хоруғ дар баробари бошандагони ВМКБ ба марзнишинони Бадахшони Афғонистон низ хадамоти пизишкӣ хоҳад расонд.
Акбаралӣ Писнонӣ аз ёриву дастгириҳои давлати Тоҷикистон хушнудӣ кард ва барои рушди бештари ҳамкориҳо изҳори омодагӣ намуд.
Сохтусози Бемористони Оқохонро ширкати "Турас" бар уҳда дорад.
Раиси вилоят таъкид кард, ки нахуст ҷавонони шаҳри Хоруғро бояд ба корҳои сохтмонӣ ҷалб кард.