Садама дар роҳи Хоруғ-Мурғоб-Қулма боиси марги писарбачаи хурдсол шуд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкАвтомобили на проезжей части, архивное фото
Автомобили на проезжей части, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ронандаи худрави “Опел-Омега” аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонист, ки дар натиҷа автомобил чаппа гардид

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВКД  23-юми майи соли 2017, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Омега", марди 35-солаи сокини ноҳияи Шуғнон ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Хоруғ-Мурғоб-Қулма дар километри 671-уми роҳ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар тарафи рости роҳ чаппа намудааст. 

Дар натиҷа, мусофирони автомашина: зани 33-сола ва писарбачаи 6-солаи сокинони ноҳияи Шуғнон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода мешаванд. Пас аз чанд муддат писарбачаи хурдсол ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0