Исмоъилиёни Тоҷикистон Рӯзи дидорро ҷашн мегиранд

© Foto / Aga Khan Development NetworkПринц Карим Ага-хан IV, архивное фото
Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, чиҳилунӯҳумин имоми шиъиёни исмоъилии ҷаҳон, пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ ба имомат баргузида шуд

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Пайравони мазҳаби исмоъилия дар Тоҷикистон, ки шуморашон бештар аз 200 ҳазор кас арзёбӣ мегардад, имрӯз 22-умин солгарди нахустин дидор бо шоҳзода Карим Оқохонро ҷашн мегиранд.

Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ, ки дар замони шуравӣ бо пайравонаш аз Осиёи Марказӣ робитаи маҳдуд доштааст, нахустин бор аз Тоҷикистон соли 1995 дидан кард ва аз он сол инҷониб исмоъилиёни Тоҷикистон 24-уми майро ҳамчун Рӯзи Нур ё Дидор ҷашн мегиранд.

Вохӯрии шоҳзода Оқохони чаҳорум бо Сергей Ловров - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳзода Оқохони IV бо Сергей Лавров дидор кард

Дар ҷашни дидор маъмулан дар сатҳи маҳаллу хонаводаҳо барномаҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ сурат мегиранд. Ҳамакнун дар саросари ҷаҳон камубеш 20 милюн кас аз мазҳаби исмоъилия пайравӣ мекунанд.

Онҳо дар Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин ИМА, Конодо, Бритониё ва Фаронса зиндагонӣ мекунанд.

Яке аз бузургтарин ҷамоъатҳои исмоъилии ҷаҳон (камубеш 150 ҳазор нафар) дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сар мебарад.

Шоҳзода Карим Оқохон 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария дар хонаводаи шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст. Вай дастпарвари донишкадаи исломшиносии Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари Шабакаи тавсеъаи Оқохон (AKDN) аст. Ӯ пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоъилиёни ҷаҳон шудааст.

Лентаи хабарҳо
0