ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Созмони теруристии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ, ки фаъолияташ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон қонунан мамнуъ аст, бо ҳама шикастҳое, ки хӯрдааст, боз ҳам зуд худро бо шароити тағйирёбанда созгор мекунад ва талафоташро ҷуброн мекунад.
Дар ин бора мудири Созмони амнияти кишварии Русия Александр Бортников дар нишасти Шурои раҳбарони созмонҳои амниятӣ ва иттилоъотии кишварҳои ҳамсуд (СНГ) гуфт.
"Сарфи назар аз талафоти сангине, ки ДОИШ дар ин авохир дода, ин созмон зуд худро бо авзоъи тағйирёбанда созгор мекунад ва манобеъашро таҷдид мекунад", — гуфт вай.
Раиси созмони амнияти Русия афзуд, ки ДОИШ "корзори густардаи таблиғотӣ роҳ андохта ва бо баҳрагирии фаровон аз расонаҳои электруникӣ дар фазои маҷозӣ" ва суъистифода аз ангезаҳои мазҳабӣ ва иҷтимоъӣ намояндаҳои қишрҳои мухталифи ҷомеъа ва пеш аз ҳама ҷавононро ба саффҳояш ҷалб мекунад.
Вай таъкид кард, ки бино ба баррасиву пайгириҳои коршиносон дар саросари ҷаҳон, дар паи ин таблиғот афроди бисёре, ки омода ҳастанд ба гурӯҳҳои ҳаросафкану тундрав бипайванданд, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, зери таъсири ДОИШ қарор мегиранд.
Ба гуфти ӯ, "созмонҳои амниятии кишварҳои ҳамсуд раванди тавлиду доду ситади иттилоъоти пештоз дар бораи нақшаҳои саркардаҳои феълии созмонҳои теруристии байналмилалиро созмондеҳӣ кардаанд".
Мудири Созмони федеролии амнияти Русия ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки дар паи амалиёти ҳамоҳангшудаи сохторҳои амниятии Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон ва ФСБ Русия дар кӯтоҳтарин замон ҳувияти худкуше шиносоӣ шуд, ки дар метрои шаҳри Санкт-Петербург амалиёти интиҳорӣ анҷом дода буд.
Ёдоварӣ мекунем, ки 3 апрел дар метрои шаҳри Петербург инфиҷор рух дода буд. Аз як инфиҷори дигар низ ҳамон рӯз пешгирӣ карда шуд. Дар паи он амалиёти интиҳорӣ 15 кас, аз ҷумла теруристи худкуш Акбарҷон Ҷалилов, ҷонашонро аз даст дода буданд.