ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Бино бар гузориши Вазорати фарҳанги ҶТ ин маросим ба хотири таҳкими равобити Тоҷикистону Туркманистон роҳандозӣ карда мешавад.
Дар доираи рӯзҳо баргузории барномаи консертӣ, намоишҳои санъати тасвирӣ ва аксҳои "Тоҷикистони муосир", муд ва либосҳои миллӣ дар назар аст.
Тавре дар гузориши манбаъ қайд мешавад, роҳбарии ҳайати расмии ин сафари ҳунариро муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлатзода Зевар дар ӯҳда дорад.
Дар барномаи рӯзҳои фарҳангӣ Ансамбли рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, сарояндаи опера Шарофат Усмонова, овозхонҳои Ансамбли давлатии "Шашмақом"-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Ситораи Кароматулло ва Хуршед Иброҳимов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Парвин Юсуфӣ, сароянда ва мутриб Бахтиёр Баёнӣ шомиланд.
Иштирокчиёни рӯзҳо дар пойтахти Туркманистон шаҳри Ашқобод ва дигар мавҳзеъҳои ин кишвар барномаҳои ҷолиби консертиро, ки иборат аз сурудҳои классикӣ, эстрадӣ ва опера, рақсҳои гуногун, инчунин сурудҳои эстрадии тоҷикӣ ва туркманӣ аст, манзури тамошобинони кишвари ба мо дӯст менамоянд.
Барномаи бадеиро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлаталӣ Убайдуллоев таҳия кардааст.