ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии КҲФ ҳайъати кумита бо роҳбарии Рустам Назарзода барои ширкат дар иҷлосияи панҷуми Платформаи ҷаҳонӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ вориди шаҳри Канкунеи Мексика шуд.
Назарзода дар ин ҳамоиш аз натиҷаи корҳо барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон нақл мекунад.
Қарор аст, ки раиси КҲФ ба ширкаткунандагони ҳамоиш дар бораи чораву тадбирҳои ҳукумати кишвар дар самти паст кардани хатари офатҳои табиӣ хабар медиҳад.
Ҳамчунин дар доираи Платформаи ҷаҳонӣ як силсила дидору мулоқотҳои дуҷонибаи Назарзода дар назар аст, ки дар онҳо масъалаҳои ҳамгироии коҳиши хатари офатҳо дар минтақа баррасӣ хоҳанд шуд.