Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Британияи Кабир

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент РТ Рахмон Эмомали, архивное фото
Президент РТ Рахмон Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тавре кишвардори Тоҷикистон дар ин мактуб қайд кард, хабари инфиҷор ва кушта шудани шаҳрвандон боиси андӯҳ аст
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тереза Мей барқияи тасаллият ирсол намуд.

Тавре кишвардори Тоҷикистон дар ин мактуб қайд кард, хабари инфиҷор ва кушта шудани шаҳрвандон боиси андӯҳ аст.

"Хабари мудҳиши ба ҳалокат расидани даҳҳо ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандон дар шаҳри Манчестер бар  асари таркиши даҳшатангез боиси андӯҳи амиқи мо гардид",- гуфт раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, мавҷи бесобиқаи амалҳои террористӣ, ки имрӯзҳо кишварҳои гуногуни оламро фаро гирифтааст, боиси нигаронии шадиди аҳли сайёра гардида, бори дигар зарурати идомаи муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи ин вабои аср қотеъона таъкид менамояд.

Дар охир кишвардори Тоҷикистон ба наздикони фавтидагон изҳори тасаллият баён намуда, ба осебдидагон хоҳони шифои комил гашт.

Лентаи хабарҳо
0