ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Имсол низ 7-уми июн дар мактабҳо охирин рӯзи дарсӣ аст. Дар ин бора сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон Эҳсони Хушвақт хабар дода афзуд, ки ташкили маросими "Занги камолот" дар мактабҳо иҷоза дода намешавад.
"Солҳои қаблӣ Вазорати маорифи Тоҷикистон дастур дода буд, ки "Занги камолот" 45 дақиқа давом ёбад. Аммо бархе хонандагони мактабҳо ин дастурро риоя накарданд, ки талафотҳое дар пай дошт",- афзуд вай.
Ҳамчунин, масъалаи оғози соли таҳсил аз аввали моҳи август ҳоло таъйид нашудааст. Дар Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ин мавзуъро баррасӣ доранд.
Мудири ин пажӯҳишгоҳ Шарифмурод Исрофилниё ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, масъалаи оғози дарсҳо аз аввали августро баррасӣ доранд.
"Ин тағйиротро наметавон ба зудӣ ворид кард. Ҳоло ин масъала дар дасти баррасӣ қарор дорад", — афзуд вай.
Ба гуфтаи Шарифмурод Исрофилниё, пас аз омӯзиш дар мактабҳо озмоиш гузаронида мешавад ва агар Ҳукумати кишвар қароре тасвиб кунад, соли таҳсил аз 1-уми август оғоз меёбад.
Вай афзуд, ки шояд имсол хонадагони синфи як аз моҳи август ба маткаб раванд, лекин дарсҳо чун ҳамеша аз 1-уми сентябр шуруъ мешаванд.
Имсол мактабҳои Тоҷикистонро наздики 124 ҳазор хонанда хатм мекунанд. Аз ин миқдор 57 ҳазор духтарон мебошанд.
Якуми сентябри соли 2017 216 ҳазор хонанда ба синфи яки мактабҳои ҷумҳурӣ қадамҳои аввалини худро хоҳанд гузошт.
Ёдовар мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба парлумон дар бораи низоми маорифи Тоҷикистон сухан карда, онро аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ бозмонда номид ва даъват намуд, ки дар низоми таҳсили мактабҳои миёна тағйирот ворид карда шавад.