Эмомалӣ Раҳмон: Бо истифода аз нерӯи низомӣ наметавон бар теруризм пирӯз шуд

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент РТ Рахмон Эмомали, архивное фото
Президент РТ Рахмон Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз Амрико ва кишварҳои арабиву мусулмонӣ хост роҳҳои муассири решакан кардани сарчашмаҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молии теруризмро пайдо кунанд

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои мусулмонӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таваҷҷуҳи ширкаткунандагонро ба роҳҳои мубориза бо ҳаросафканӣ ва ифротгароӣ ҷалб кард.   

"Мавҷи бесобиқаи теруризм ва ифротгароӣ имрӯз ба хатари бузурги глобалӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Чунин воқеият моро водор менамояд, ки пайгирона дар ҷустуҷӯи роҳҳои муассири решакан кардани сарчашмаҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии он бошем", — таъкид кард раҳбари Тоҷикистон.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Даст ба даст: Раҳмон ва Мирзиёев равобити устувори ду кишварро намоиш доданд

Ба гуфти вай, "истифодаи сиёсати "меъёрҳои дугона" яке аз омилҳои  ба таври фарогир татбиқ нагардидани иқдомҳои ҳамоҳангшуда мебошад".

"Бар асари  мавқеъгирии духӯра нисбат ба хостаҳои ифротиву террористӣ, гурӯҳҳои тундгаро мавриди пуштибонии сиёсиву иттилоотӣ ва молиявии бархе аз бунёдҳову созмонҳои ба ном ҷамъиятӣ ва ҷонибҳои дигар  қарор гирифтаанд. Дар натиҷа терроризм ва ифротгароӣ  ҷуғрофияи паҳншавии хешро дар шаклу усулҳои боз ҳам даҳшатноктар васеъ кардаанд", — таъкид кард Раҳмон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин аз талошҳои "сиёсисозии дини мубини ислом" ва "суъистифода аз номи поки он" нигаронӣ карду гуфт, ки гурӯҳои теруристӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "хушунат ва задухӯрдҳои хунини мазҳабиву қавмиро барангехтаанд", ки афзоиши исломситезӣ ва бадбинӣ нисбат ба мусулмононро дар пай овардаанд.

Вай бо ёдоварӣ аз "ҷанги хунини таҳмилӣ" дар Тоҷикистон гуфт, "бо такя ба имконоти фарҳангу тамаддуни хеш  мо  тавонистем, ки заминаи муколамаи васеи миллиро ташаккул диҳем ва ваҳдати милливу суботи ҷомеаи худро барқарор намоем".

"Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон  бори дигар собит сохт, ки ҳама гуна нерӯҳое, ки барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки хеш аз номи поки ислом  сӯиистифода мекунанд, ҳаргиз мавриди пуштибонии ҷомеа  қарор нахоҳанд гирифт", — таъкид кард вай.

Кишвардори Тоҷикистон бо ишора ба "ноамниҳои имрӯза, аз ҷумла дар кишварҳои Ховари Миёна" гуфт, "таҳдидҳои амниятӣ ба минтақаи мо низ рӯ ба афзоиш  доранд".

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси 20.05.2017 - Sputnik Тоҷикистон
Тавсифи кишвардори Миср аз шахсият ва талошҳои Эмомалӣ Раҳмон

"Суботу амнияти Осиёи Марказӣ бо вазъияти Афғонистон вобастагии мустақим дорад. Тоҷикистон кӯшишҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Афғонистони ҳамҷаворро дар ҷодаи истиқрори сулҳу субот пуштибонӣ менамояд. Мо омодаем, ки дар ин раванд минбаъд низ ба андозаи имкон саҳми  худро гузорем", — эълом кард вай.

Эмомалӣ Раҳмон қочоқи маводи мухаддирро "яке аз сарчашмаҳои таъмини молиявии терроризму хушунат" номид, ки "имрӯз боиси нигаронии амиқи минтақа ва ҷаҳон гардидааст".

"Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки  пирӯзӣ бар терроризм танҳо бо истифода аз нерӯи низомӣ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, омилҳои воқеӣ, моддӣ ва маънавие, ки терроризм ҳамчун зуҳурот аз онҳо маншаъ мегирад, бояд муайян ва пурра омӯхта шаванд. Бекорӣ, камбизоатӣ ва сатҳи пасти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар баробари омилҳои алоҳидаи руҳиву маънавӣ ба зуҳури тундгароӣ ва терроризм мусоидат менамоянд", — ёдоварӣ кард ӯ.

Яке аз роҳҳои решкан кардани тундгароӣ ва ҳаросафканиро раисҷумҳури Тоҷикистон "дастгирии рушди бахшҳои иҷтимоӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ" ва "тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷалб намудани технологяҳои нав ба ин кишварҳо" мешуморад.

Вай бо ишора ба нақши "кишварҳои пешрафта, аз ҷумла шомили ҷаҳони ислом, ки иқтидорҳои фарохи молиявию сармоягузорӣ ва технологӣ доранд", гуфт: "Мусоидат ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ  дар роҳандозии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ василаи самарабахши аз байн бурдани заминаҳои  тундгароӣ ва таъмини  суботи фарогир маҳсуб меёбад".

Нахустин нишасти сарони кишварҳои арабиву мусулмонӣ ва Амрико 21 — 22 май дар пойтахти подшоҳии Арабистони Саудӣ — шаҳри Риёз, баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш сарони 55 кишвар ҳамзамон се нишаст — яке нишасти Арабистони Саудӣ ва Амрико, дигаре Шурои ҳамкории кишварҳои арабии халиҷи Форс ва севум нишасти Амрико ва кишварҳои мусулмониро баргузор карданд.

Дар ин нишаст ҳамчунин намояндагони Созмони ҳамкориҳои исломӣ, дабири кулли СММ, Маҷмаъи кишварҳои арабӣ, Шурои ҳамкориҳои кишварҳои арабии халиҷи Форс ширкат доштанд.

Лентаи хабарҳо
0