Дар садамаи қатор бо худрав писарбачаи 11-сола ба ҳалокат расид

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкЭлектропоезд сбил людей на северо-западе Москвы
Электропоезд сбил людей на северо-западе Москвы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар натиҷаи садама дар роҳи оҳан писарбачаи 11-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 22 май- Sputnik. Бино бар иттилои ВКД ҶТ 20-уми майи соли равон, тахминан соати 15:00, қатори мусофирбари "Қӯрғонтеппа — Кӯлоб" ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Навбаҳори ноҳияи Восеъ бо худрави савории "Опел Астара", ки дар роҳи оҳан гир карда буд, бархӯрд кард.

Дар натиҷа, мусофири ин худрави саворӣ — писарбачаи 11-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ба ҳалокат расидааст.

Инчунин, ронандаи "Опел Астра" ва мусофирони дигараш — ду писарбачаи 8 ва 9-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
"Таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад", — мегӯяд манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0