Шоми душанбегиҳо дар осорхона: дуторнавозӣ, кулолгарӣ ва расмкашӣ

Обуна шудан
Рӯзи 18 май дар осорхонаи марказии шаҳри Душанбе "Рӯзи дарҳои кушоод" баргузор шуд

Сокинони пойтахт ройгон аз бойгониҳои таърихӣ дидан карда бо навсозиҳои ихтироъкорони ҷавон шинос шуданд. Дар баробари ин тамошобинон имкон доштанд бо ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумла кулолгарӣ ва дуторнавозӣ шинос шуда, истеъдоди худро дар ин росто бисанҷанд.

Др рафти "Дарҳои кушод" рассомони ҷавон аксҳои худро ба намоиш гузоштаву дар худи осорона расмкашӣ карданд. Хоҳишмандон имкон доштанд расми худро фармоиш додаву ҳамон лаҳза бо худ бибаранд.

Барои кӯдакон чорабиниҳои диданӣ ташкил карда шуд. Бархе аз наврасон ҳунари рассомии худро санҷида ва дигарон аз лаҳзаи мусиқию рақсҳои муосир дар ҳайрат монданд.

Кормандони осорхона либоси миллӣ ба бар намуда ба чорабинӣ зебогии дигар зам намуданд.

Рӯзи ҷаҳонии музей, ҳар сол 18 май баргузор мешавад. Чун анъана дар ин рӯз ҳама осорхонаҳои Тоҷикистон "Рӯзи дарҳои кушод" баргузор мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0