Дучархасаворон дар хиёбонҳои Душанбе мусобиқа бар по карданд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкВелопробег, архивное фото
Велопробег, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дӯстдорони варзиши дучархасаворӣ субҳи имрӯз дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе мусобиқа баргузор карданд
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар ин веломарафон, ки бо ибтикори Кумитаи ҷавонону варзишу гардишгарӣ ва ҳамкории шаҳрдории Душанбе ва Кумитаи миллии омилпии Тоҷикистон баргузор шуд, 1143 дӯстдори дучархасаворӣ аз хурду бузург ширкат карданд.
Дар оғози чорабинӣ, ки дар майдони Дӯстӣ назди муҷассамаи Исмоил Сомонӣ баргузор гардид, роҳбари Кумитаи ҷавонону варзишу гардишгарӣ ва намояндагони шаҳрдории Душанбе ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ карданд.

Сипас дучархасаворон дар фосилаи миёни майдони Дӯстӣ — аз назди муҷассамаи Исмоил Сомонӣ то дидбонгоҳи БДА дар Чорбоғ бо якдигар ба рақобат пардохтанд.

Дар поён баргузоркунандагон аз пирӯзшудагон дар ин мусобиқа бо эҳдои диплому сипоснома, дучархаву ва дигар ҳадяҳо қадрдонӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки фардо — 21 май дар Тоҷикистон Рӯзи миллии дав аст ва ҳар сол дар ин рӯз дар шаҳру вилоятҳо маросими варзишӣ баргузор мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0