Ширин Қаноат духтари шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат ба рузноманигор Абдураҳмон Раҳмонов аз хотираҳои кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавонии худ бо падар нақл мекунад
Мепурсед, ки духтари падари машҳур будан осон аст?
— Намедонам. Дурусттараш, наметавонам ҷавоби аниқ диҳам. Ҳар гуна. Айёми кӯдакӣ, албатта. Ман ҳатто буй ва маззаи ин хушбахтиро дар ёд дорам. Буйи ҳавопаймо, ҷуздон, ва маззаи қандҳои Маскав.
Он вақт ман мафтуни ҳусни падарам будам. Ӯ бароям зеботарин инсони дунё буд. Дар ёд дорам, ки ҳар субҳ соати расо 9:00 вай дар назди оина ҳамон як тартибро иҷро мекард.
Гӯё ба саволе ҷавоб меҷуст
Муйҳои сиёҳи худро шона мезад ва дер ба оина нигоҳ мекард, гӯё мехост ба саволи муҳиме ҷавоб пайдо кунад. Сипас атреро истифода мебурд, ки бӯйи он то ҳол дар димоғам мондааст. Ман он вақт хело ифтихор мекардам, ки чунин падари зебо дорам.
Солҳои наврасиву ҷавонӣ, вақте ки ба ҳақиқати зиндагӣ дучор шудам, аллакай вазифаи духтари падари машҳур буданро иҷро кардан бароям мушкил гардид.
Он вақт метарсидам: Мабодо коре кунам, ки боиси "доғдор" шудани номи падар шавад. Зеро, дар давраҳои ҷавонӣ фикр мекунем, ки зиндагиро метавон бидуни ягон камбуд ва нарасоӣ сипарӣ кард.
Вай ҷасурона аз ормон ва умеди миллалти тоҷик мегуфт
Аммо бо гузашти солҳо бори масъулият то рафт вазнинтар мешуд. Шояд ин вобаста ба он буд, ки нуфузи падарам, на танҳо дар саҳаи адабиёт ба назар мерасид. Вай садои халқи тоҷик гардид, ки ҷасурона аз умед ва ормони миллат мегуфт.
Ростқавлӣ дар кор ва амал, кӯшиш ба ҳақиқат ва камол дар ҳама ҷо- дар шеър, дар сиёсат дар ҳаёти иҷтимоӣ, ва оила ин сифатҳои падарам буданд, ки ман ҳамеша кӯшиш мекунам, пайрави он бошам.
Мӯъмин Қаноат — шоири халқии Тоҷикистон имруз 85-сола шуд. Sputnik Тоҷикистон зодрӯзи шоири маҳбуби кишварро муборакбод мегӯяд ва Аз Худованд барои устод тандурустиву комгориву хонаободонӣ орзу мекунад.