ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нахустин Нишасти сарони кишварҳои мусулмоннишин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар кард.
Бино ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раисҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, нахуствазир, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисумҳур ва дигар масъулини баландпоя гусел карданд.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири умури хориҷа, ёварони раисҷумҳур дар умури равобити хориҷӣ, рушди иҷтимоӣ, робита бо ҷомеа ва дигар масъулин ҳамроҳӣ мекунанд.