Кормандони "Tajik Air": Раҳимов худро бартар аз Раисҷумҳур мепиндорад

© Foto / Хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии " Тоҷик Эйр"Самолет авиакомпании "Таджик Эйр", архивное фото
Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Меҳмондорони ширкати ҳавопаймоии "Tajik Air" аз мудири кулли ин ширкат Хайрулло Раҳимов ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шикоят кардаанд

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik, Иззат Латиф. Ду ҳафта боз миёни раҳбари ширкати мусофирбарии ҳавоии "Tajik Air" ва кормандонаш — меҳмондорони ҳавопаймоҳо ҷангу ҷанҷол меравад.   

Ҳафтоду се тан аз меҳмондорони ҳавопаймоҳои ин ширкат ба дифоъ аз ҳуқуқи худ бархостанд, ки бино ба иддиъояшон, мудири кулли "Tajik Air" Хайрулло Раҳимов нақз кардааст.

Бисёре аз онҳоро ба дафтари ширкат фаро хонданд ва қотеъона талаб карданд, ки қарордоди наверо имзо кунанд, ки бино бар он муздашон 75 дарсад кам карда хоҳад шуд. Хайрулло Раҳимов бо имзои дастури №6-15 аз 21 апрели 2017 "Дар бораи тағйири шароити пардохти музди кор" бахшҳои масъули ширкатро муваззаф кард ҳуқуқи моҳиёнаи ҳама кормандони ширкатро кам кунанд. Ин иқдоми Раҳимов бо қонуни кори Тоҷикистон созгор нест.

Додхоҳӣ аз Эмомалӣ Раҳмон  

Меҳмондорон бо ирсоли номае боз ба Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Додситонии кулл, Ожонси мубориза бо фасод ва Вазорати таробарӣ аз қонуншиканиҳои Хайрулло Раҳимов шикоят карданд.

Дар ин нома гуфта шуд, ки мудири кулл бо судури он дастур моддаҳое аз қонуни корро нақз мекунад, ки иҷоза намедиҳанд барои кормандоне, ки дар шароити осебрасону зиёновар ва шабона кор мекунанд, ҳуқуки камтар муқаррар карда шавад.

"Афзун бар он, моддаҳои 102 ва 104.5 Қонуни кори Ҷумҳурии Тоҷикистон кам кардани музди кори кормандонро мамнуъ кардаанд", — таъкид мешавад дар ин нома.

Меҳмондорон шикоят доранд, ки раҳбари ширкат афзун бар ин дастуру иқдомоти қонуншиканона, ҳамчунин онҳоро водор мекунад, ки қарордодҳоро имзо кунанд, ки худ ин иқдом нақзи ошкорои моддаҳои 28 ва 3 Қонуни кори ҶТ аст.

Онҳо бар ин боваранд, ки иқдомоти Хайрулло Раҳимов на танҳо бо муқаррароти қонунгузории ҷории кишвар муғоиранд, балки бо мантиқ ва гуфтаҳои худаш низ созгорӣ надоранд. Чунончи, вай далели коҳиши музди кори кормандонро вазъи ноҳанҷори молии ширкат гуфтааст. Вале дар суханронии худ моҳи январ гуфта буд, ки дар соли 2016 ширкат 60 милюн дулор даромад дошта, ки нисбат ба соли 2015 сездаҳ дарсад бештар аст.

Худ муқассир аст

Кормандони ширкат иддиъо доранд, ки Хайрулло Раҳимовро худ муқассир аст, ки вазъи молии ширкат бад шудааст. Ба гуфти онҳо, яке аз далоили бад шудани вазъи молии ширкат хариди ҳавопаймои "Боинг 767-300" аст, ки сӣ сол корбурд дошта ва пас аз андак замоне дар декабри 2016 аз баҳрабардорӣ бароварда шуд.

Чуноне ки меҳмондорон дар номаашон овардаанд, ҳангоми бозрасии фаннии ин ҳавопаймо чандин камбуди фаннӣ ошкор шуда ва аз ин рӯ бештар аз се моҳ корбурд надошт. Вале ин ҳама замон ширкат ҳазинаи иҷораи фурудгоҳ ва таъаҳҳудоти кирояи ин ҳавопайморо пардохт мекард. Сипас онро бо ҳазинаи 3 милюн дулор таъмир карду дубора дар кор гирифт.

Кормандон корфармои худро ҳамчунин муттаҳам ба ҳайфу майл ё бар бод додани сармояи ширкат дар шароити буҳрон мекунанд. Чунончи, муддаъӣ шудаанд, ки вай бархе аз сохтмонҳоро беҳуда таъмири асосӣ карда ва чанд симате ташкил кардаву афродеро масъулашон карда, ки тарафи алоқааш ҳастанд ва бедалил ҳуқуқи калоне дарёфт мекунанд.

"Ҳар кадоме аз мо дар кораш ҷонашро дар хатар меандозад. Ҳар боре, ки аз фурудгоҳ парвоз мекунем, намедонем, ки оё фуруд хоҳем омад ё на. Ҳуқуқи муносиб барои ин кор метавонист умедворамон кунад, ки хонаводаҳоямон дар рифоҳ зиндагӣ хоҳанд дошт. Мо ҷонамонро дар хатар меандозем, вале онҳо мехоҳанд ҳаққи ҳалоламонро кам кунанд. Аммо он касоне, ки ҳуқуқи калон мегиранд, чи риске доранд?", — гила кардаанд меҳмондорон.

Оё ҷанг эълом шудааст?

Бино ба иттилоъи меҳмондорон, бо вуҷуди ин, ки номаашонро танҳо барои баррасӣ дарёфт кардаанду ҳануз посухе ба он дода нашудааст, мудири кулл кормандонро водор мекунад, ки санади иблоғи коҳиши ҳуқуқро имзо кунанд.

"Ҳануз пеш аз он, ки мо номаро мунташир карда будем, раҳбарии ширкат аз он огоҳ шуда буд ва тавассути наздиконаш бар мо фишор овардан гирифт. Пас аз интишори нома ин фишорҳо бештар шуданд. Онҳо мегӯянд, ки додамонро ба ҳар ниҳоде, ки бибарем, касе ба додамон нахоҳад расид. Зоҳиран, онҳо худро бартар аз Раисҷумҳур мепиндоранд. Мудири кулл дастур дода, ки бедиранг ҳуқуқамонро кам кунанд ва ё ихроҷамон кунанд. Гӯё ки вай гуфта бошад, ё ман онҳоро ба сазояшон мерасонам, ё онҳо маро. Ҳарчанд то танҳо аз ҳуқуқи ҳалоламон дифоъ мекунем, ки дар қонун сабт шудаанд", — мегӯянд кормандони "Tajik Air".          

Лентаи хабарҳо
0