Тоҷикистон ва Қирғизистон пайкор бо теруризмро ҳамоҳанг мекунанд

© Фото : Ген.прокуратура Кыргызской РеспубликиВизит Генерального прокурора Кыргызской Республики Индиры Джолдубаевой в РТ
Визит Генерального прокурора Кыргызской Республики Индиры Джолдубаевой в РТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситониҳои кулли Тоҷикистон ва Қирғизистон дар паи нишасти ҳайъатҳояшон қарор доданд амалиёташонро дар заминаи бозҷӯии фаъолияти гурӯҳҳои теруристӣ ҳамоҳанг кунанд

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон тавофуқ карданд, ки иттилоъот дар бораи фаъолияти гурӯҳҳои ҳаросафканро бо якдигар мубодила кунанд.

Ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба раҳбарии додситонии кулли ҶТ Юсуф Раҳмон ва ҳамтои қирғизаш Индира Ҷӯлдубоева дар паи нишасте, ки шаҳри Гулистон баргузор карданд, ҳамчунин тавофуқ карданд, ки бозрасии додситонии раванди аломатгузории марзи миёни ду кишварро таъмин ва онро шитоб диҳанд.

"Дар ин нишаст қарор шуд, ки бахшҳои масъули Додситониҳои кулли ду кишвар муваззаф шаванд коргурӯҳе ташкил кунанд, ки пайваста дар тамос бошанд ва иттилоъоти марбут ба ҳаросафканҳову гурӯҳҳои теруристӣ ва ҷиноятҳояшонро бо якдигар табодул кунанд", — гуфта шуда дар иттилоъияе, ки Равобити умумии Додситонии кулли Қирғизистон мунташир кардааст.

Тарафҳо ҳамчунин қарор доданд, ки додситониҳои ноҳияҳову вилоятҳои ҳаммарз низ мустақим бо якдигар тамос дошта бошанд ва амалиёташонро ҳамоҳанг кунонанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970,8 килуметр марзи муштарак доранд, ки 451 килуметр аз он ҳануз аломатгузорӣ нашудааст. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ин ду кишвар бар сари беш аз 70 маҳалл дар дарозои ин марз баҳсу мунозира доранд. Аз ин рӯ, миёни ду кишвар ҳануз ҳам қарордоди марзӣ имзо нашудааст. Соли 2014 дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон чанд задухӯрди мусаллаҳона низ дар гирифта буд, ки далели аслияшон номушаххасу номуайян будани хатти марзи ду кишвар шинохта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0