Кулӯлаев Руслан Эшонович, Назиров Руслан Гадойназарович, Юрченко Ситора Николаевна, Муслатдинов Саид Сабриевич, ва Каримов Қурбон Бурҳонович — ҳама кӯдаконе яксола ҳастанд, ки модаронашон пас аз таваллуд аз онҳо даст кашиданд.
Бино бар гузориши сафорати ҶТ, ин кӯдаконро бахши консулии сафорат аз идораҳои сарпарастӣ дар ноҳияҳои гуногуни шаҳри Маскав гирифта ба намояндагони Вазорати умури дохилаи кишвар вогузор кардаанд.
Ҳамзамон сафорат барои кӯдакон гувоҳии бозгашт ба Тоҷикистон таҳия кард ва 13 май онҳоро аз Маскав ба Душанбе фиристодааст.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфта, ки дар ростои таъмини ҳуқуқу манофеъи шаҳрвандони хурдсол дар қаламрави Русия ва сари вақт баргардонидани кӯдакони бепарастор ба кишвар ҳамвора иқдомоти лозимро анҷом медиҳад.