ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон эълом карда, ки имрӯз боздид аз ҳама осорхонаҳои кишвар барои дӯстдорони мероси фарҳангӣ ва нигораҳои торихӣ ройгон аст.
Вазорати фарҳанг дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонону варзишу гардишгарӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз дар чорчӯби барномаҳои Соли ҷавонон «Рӯзи дарҳои кушоди осорхонаҳо»-ро баргузор мекунанд.
"Ҳадаф аз баргузории он рушди гардишгарии дохилӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеъа ба мероси торихиву фарҳангии кишвар, тақвияти эҳсоси меҳандӯстиву худшиносии миллӣ ва бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон аст", — гуфта шудааст дар эъломияи вазорат.
Ин ниҳодҳо ҳамчунин 18 май аз соати 18:00 то 22:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барномаи фарҳангиву фароғатии «Шабе дар осорхона» баргузор хоҳанд кард.