Бишкек бо воми Остона марзи Иттиҳоди иқтисодии Авросиёро мебандад

© Фото : Болат ШайхиновМинистр национальной экономики Казахстана Тимур Сулейменов
Министр национальной экономики Казахстана Тимур Сулейменов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси Қазоқистони пешнависи таъаҳҳудномаи ёрирасонии молӣ ба Қирғизистонро тасвиб кард, ки бар пояи он Бишкек аз Остона 100 милюн дулори амрикоӣ дарёфт мекунад

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Темур Сулаймонов дар мусоҳиба бо хабарнигори бахши қирғизии Спутник гуфт, ин сармоя ба манзури беҳбуди зерсохтори гумруки Иттиҳоди иқтисодии Авросиё дар Қирғизистон ба Бишкек дода шудааст.

Вай афзуд, ки ин сармоя қарор аст қистӣ ва бар асоси протоколҳои миёндавлатии Қазоқистон ва Қирғизистон ироа шавад ва Бишкек бояд феҳристи иқдомот ва асноди худро барои дарёфти бахше аз ин кумак ба Қазоқистон ироа диҳад.

"Қазоқистону Қирғизистон узви Иттиҳоди иқтисодии Авросиё ҳастанд ва таҳкими марзҳои Қирғизистон аз қочоқи колоҳо ба Қазоқистон низ пешгирӣ хоҳад кард", — гуфт вай.

"Бозаргонҳои қазоқ низ мегӯянд, ки вуруди колоҳои арзон ва қочоқӣ аз дигар кишварҳо ба Қазоқистон аз роҳи Қирғизистон фурӯши колоҳои онҳоро кам мекунад. Аз ин рӯ, мо бояд коре кунем, ки гумрук дар марзҳо муҷаҳҳаз ба беҳтарин таҷҳизот бошад, мудирияту умури гумрукӣ сахтгирона рияо шаванд. Ин кор ниёз ба сармоя дорад, ки Қирғизистон онро надорад, аз ин рӯ Русия ва Қазоқистон кумакаш мекунанд", — тавзеҳ дод вазири қазоқ.   

Лентаи хабарҳо
0