Раисҷумҳури Тоҷикистон намояндаҳояш дар вилояту шаҳру ноҳияҳоро аз даст дод

© Фото : Аз дафтари матбуоти прездиенти ҶТЭмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси Миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»-ро ислоҳ кард. Аз ин пас раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо намояндаи Раисҷумҳур нахоҳанд буд

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаи имрӯз Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»-ро ислоҳ кард.

Бар пояи ислоҳоти воридшуда дар қонун, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аз ин пас намояндаи раисҷумҳур дар маҳаллҳо нахоҳанд буд, балки дар баробари вай посухгӯ хоҳанд шуд.

Маҷлиси миллӣ ҳамчуин Қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии намояндаи маҷлиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо"-ро низ ислоҳ кард. Бино ба ин ислоҳот, раҳбарони ин воҳидҳои маъмурӣ муваззаф мешаванд намояндагони маҷлисҳоро фаврӣ ба ҳузур бипазиранд ва суолҳояшонро посух бидиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0