Муҳоҷирон аз ширкатҳои Маскав беш аз дуву ним милёрд рубл талабкоранд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкТрудовые мигранты, архивное фото
Трудовые мигранты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино ба омори мудофеъони ҳуқуқи муҳоҷирон, дар шаҳри Маскав як милёрду 260 милюн рубл аз музди коргаронро надодаанд. Дар вилояти Маскав ин рақам камубеш як милёрд рубл баровард шудааст

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Бархе аз ширкатҳои русӣ дар солҳои 2016 — 2017 камубеш 2 милёрду 260 милюн рубл музди кормандони муҳоҷирашонро пардохт накардаанд.

Дар ин бора рӯзномаи русии "Известия" ба нақл аз раҳбари созмони "Муҳоҷирони кории тоҷик" Каромат Шарипов гузориш додааст.

Бино ба ин гузориш, дар шаш моҳи гузашта беш аз 15 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ин созмон дархости ёрӣ ва пуштибонӣ барои дарёфти музди корашон шудаанд.

Ба гуфти Каромат Шарипов, танҳо дар шаҳру вилояти Маскав 96 ширкат аз пардохти музди кормандони муҳоҷирашон сар боз задаанд.

"Бино ба омори мудофеъони ҳуқуқи муҳоҷирон, ширкатҳои Маскав 1 милёрду 260 милюн рубл бидеҳкоранд ва ширкатҳои вилояти Маскав — як милёрд рубл ба кормандонашон пардохт накардаанд", — гуфта ӯ ва афзуда, ки миёнгини бидеҳӣ ё қарзи ширкатҳо ба коргаронашон аз 50 то 200 ҳазор рубл баровард шудааст.

Раҳбари созмони "Муҳоҷирони кории тоҷикон" гуфтааст, ки корфармоён аз хушбоварии коргарон суъистифода бурда, пуле барояшон пешпардохт мекардаву музди муайяне ваъда медодаанд, ки гӯё бештарашро нақдӣ пардохт мекардаанд. Бисёре аз корҷӯёни тоҷикистонӣ ин ваъдаҳоро бовар карда бо корфармоён қарордод намебастааст, аз ин рӯ муздашонро ҳам пурра ва сари вақт дарёфт намекардаанд.

Каромат Шарипов ҳамчунин гуфтааст, ки бо чунин шароите ҳатто дар додгоҳ ҳам наметавон ба осонӣ корфармоёнро водор ба пардохти музди коргарон кард.

Лентаи хабарҳо
0