Дигар яхмос нест: пас аз заҳролудшавии садҳо кас дар Узбакистон дигар яхмос намефурушанд

© SputnikЖители Душанбе у палатки с мороженым
Жители Душанбе у палатки с мороженым - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пас аз истеъмоли яхмоси дастсоз дар вилояти Андиҷони Узбакистон садҳо кас заҳролуд шуданд. Мақомоти кишвар ҳамаи мағозаҳо ва нуқтаҳои яхммосфуруширо баст

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи Sputnik Узбакистон  дар ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷон якбора садҳо нафар баъди истеъмоли яхмос заҳролуд шудаанд.

Бархе аз расонаҳо шумораи заҳролдушудагонро 300 нафар мегӯянд. Мақомоти Узбакистон мегӯяд, ки заҳролудшавии оммавӣ хисороти ҷонӣ дар пай надоштааст.

Карусель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кандашавии карусел дар боғи Навоӣ: даҳ кас бистарӣ шуд

Сухангӯи ҳокими вилоят гуфт, ки рӯзи 15 май  якбора ҳашт нафар ба ёрии таъҷилӣ муроҷиат кардаанд. Ҳамаи онҳо аз дилбеҳазурӣ ва табъи баланд шикоят доштанд.

Маълум шуд, ки заҳролудшудагон қабалн яхмос истеъмол кардаанд.

"Ба ҷои ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва назорати санитарӣ ҳозир шуда, ҳамаи нуқтаҳои яхмосфуруширо баст",-омадааст дар иттилоъия.

Вале баъдтар шумораи заҳролудшудагон зиёд шудан гирифт ва зиёда аз 186 нафар бистарӣ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0