Идораи сабти аҳвол аз ин пас танҳо ҳуқуқдонҳоро ба кор мегирад

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкСвадьбы ,архивное фото
Свадьбы ,архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси намояндагон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”-ро ислоҳ кард

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар ниҳодҳои сабти аҳволи шаҳрвандон дар Тоҷикистон аз ин пас танҳо кормандони дорои таҳсилоти олии ҳуқуқиро ба кор хоҳанд гирифт.

Бино ба гузориши маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон, вазири додгустарии ҶТ Рустам Шоҳмурод дар ҷаласаи имрӯзи Маҷлиси намояндагон пешнависи ислоҳи Қонуни сабти давлатии авҳоли шаҳрвандиро пешниҳод кард.

Бино бар ин пешнавис, ки Маҷлиси намояндагон имрӯз тасвиб кард, Қонуни сабти аҳволи шаҳрвандон ислоҳ шуда ва маҳдудиятҳое барои кор дар ниҳодҳои сабти аҳволи шаҳрвандон ҷорӣ мешаванд. Чунончи, аз ин пас тоҷикистониёне, ки шаҳрвандии дигар кишварҳоро доранд ва касоне, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ надоранд, дар ин ниҳодҳо истихдом намешаванд.

Вазири догустарии Тоҷикистон дар суханронии худ ҳангоми муаррифиии ин пешнависи қонун ба намояндагон таъкид кардааст, ки кормандони дорои маълумоти олии ҳуқуқӣ беҳтар хидматгузорӣ хоҳанд кард ва кормандоне, ки то кунун дорои таҳсилоти олии ҳуқуқӣ набудаанд, фурсати таҳсил хоҳанд дошт.

Лентаи хабарҳо
0