Ҷашнвораи байналмилалии рақси брейк дар Хуҷанд баргузор шуд

© Администрация г. Худжанд. Фрагмент проекта центральной части Худжанда
Фрагмент проекта центральной части Худжанда - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин ҷашнвора рақсандаҳои брейк аз Қазоқистону Қирғизистон ва шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати Соли ҷавонон фашнвораи байналмилалии "Батл Суғд интернешенл" баргузор шуд.
Бино бар гузориши дафтари матбуотии ҳукумати вилояти Суғд, дар ин озмуни рақс ҳашт даста аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон — Қӯрғонтеппа, Душанбе, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ширкат варзиданд.

Барои тамошои озмун ба Кохи фарҳанги "Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд бештар аз 500 кас ҳозир шуданд.

Рустам Эмомалӣ- шаҳрдори Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдории Душанбе ба муносибати Соли ҷавонон то 24-уми июн барномаҳои фарҳангӣ баргузор мекунад

Бино бар иттилои манбаъ, дар вилоят бештар аз сад кас ин рақси варзиширо иҷро мекунанд.

Мусобиқа таҳти доварии қаҳрамони секаратаи ҷаҳон, довари дараҷаи байналмилалӣ Ҷамол Асадуллоев оғоз гардид.

Дар давраи аввал мусобиқа байни дастаҳои Қазоқистон — Душанбе, Қирғизистон — Хуҷанд 2, Қӯрғонтеппа — Хуҷанд 3, Хуҷанд 1 — Суғд бо намоиши ҳунари баланди ин рақси муосир баргузор шуд.

Ба қисмати ниманиҳоӣ дастаҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Душанбе ва Хуҷанд-1 роҳ ёфтанд.

Баъдан барои ҷои аввал рақобат миёни дастаҳои Қазоқистону Қирғизистон ва барои ҷои сеюм байни дастаҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор гардид.

"Дар натиҷаи қувваозмоӣ, дастаи Қазоқистон ҷои аввал, Қирғизистон ҷои дуввум ва Душанбе ҷои сеюмро сазовор гардиданд", — гуфта мешавад дар хабарнома.

Муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ  ба ғолибон ҷом, диплом ва ҷоизаҳои нақдиро тақдим кард.

Барандаи мақоми аввал 7 ҳазор сомонӣ, мақоми дувум — 5 ҳазор сомонӣ ва барандаи мақоми севум 3 ҳазор сомонӣ ҷоизаи нақдӣ дарёфт карданд.

Гуфта мешавад, ки ин ҷашнвора дар такмили дӯстии ҷавонони кишварҳои ҳамҷавор нақши бориз дорад ва аз ҷониби дигар дар рушди ин навъи варзиш қадами ҷиддӣ хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0