ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Имруз дар майдони машқи Кант аввалин бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби футболи ҷавондухтарони Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.
Дар ин бозӣ ҷавондухтарони то 19-сола иштирок доштанд.
Бино бар иттилои ФФТ, бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи ҷавондухтарони қирғиз ба итмом расид.
Як гол ба дарвозаи ҳариф аз ҷониби футболбози тоҷик Ҷонона Ҳалимова зада шуд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки ин ду даста рӯзҳои 18-ум ва 20-уми май ду вохурии дигарӣ варзишӣ баргузор кунанд.