ДУШАНБЕ, 16 мая — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ дар вохӯрӣ беш аз 60 намояндагони созмонҳои тоҷикон ширкат карданд.
Роҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар Русия мушкилоти муҳоҷирони тоҷикро ба Раҳимзода Рамазон Ҳамро иброз карданд.
"Вазири корҳои дохилӣ гуфт, ки мушкилоти муҳоҷиронро ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонида мешаванд",-омадааст дар хабарнома.
© Фото : Аз равобити умуми ВКД ҶТДидори Рамазон Раҳимзода бо роҳбарони созмонҳои тоҷикони Русия
Дидори Рамазон Раҳимзода бо роҳбарони созмонҳои тоҷикони Русия
© Фото : Аз равобити умуми ВКД ҶТ
Вазири корҳои дохилӣ барои ҳамкориҳои судманд ба як қатор намояндагони созмонҳои тоҷикон дар Русия медалҳои "Барои ҳамкорӣ" ва ифтихорномаҳои фахрӣ супорид.
Манбаъ меафзояд, ки вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода барои ширкат дар ҷаласаи Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия ба шаҳри Сочи сафар кард.