ДУШАНБЕ, 16 мая — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми вазорати корҳои хориҷаи ҶТ зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Белгияро матраҳ карданд.
Ҷонибҳо зарурати истифодаи имкониятҳои фарох дар самти рушди иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар махсусан дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, алоқа, кишоварзӣ ва ҷаҳонгардиро баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Белгияро яке аз аввалин кишварҳои эътирофари истиқлоли Тоҷикистон гуфт.