ДУШАНБЕ, 16 мая — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми коргоҳи сиёсии Русия дар Тоҷикистон, Русия ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода 11 адад худрави муҷаҳҳаз, ба маблағи 500 ҳазор доллари амрикоӣ дод.
Русия барои наҷоти тоҷикистониён аз офатҳои табиӣ аз ҷумла 5 адад худравҳои ГАЗ "Вепр" ва шаш адад "УРАЛ" супорид.
Дар маросими таҳвили афзорҳои фаннӣ раиси КҲФ Рустам Назарзода, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, роҳбари барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Рустамов ва намояндагони сафоратҳо ва як қатор созмонҳои байнулмилалӣ ширкат доштанд.
"Рустам Назарзода дар суханронии худ ба Русия барои таҳвили афзорҳои фаннӣ изҳори миннатдорӣ карда гуфт, ки худравҳо бидуни шак ба наҷоти ҳаёти бисёр инсонҳо ва сабук кардани заҳамоти наҷотбахшон мусоидат хоҳад намуд",-омадааст дар хабарномаи КҲФ ҶТ.
Худравҳо дар чорчӯби лоиҳаи "Таҳкими иқтидори омодагӣ ва вокуниш", ки моҳи августи соли 2016 миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ва Русия дар доираи барномаи рушди СММ имзо шуда буд, супурда шуд.