Рустам Эмомалӣ ҷавонони интернетдонро дастгирӣ мекунад

Обуна шудан
Шаҳрдори Душанбе оиди баргузории "Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе" қарор баровардааст

ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми шаҳрдори Душанбе ин чорабинӣ ба муносибати Соли ҷавонон гузаронида шуда, ба хотири тарғиби маданияти истифодабарии интернет ва дастгирии  ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон баргузор мешавад.

"Кушодашавии "Ҳафтаи технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе" рӯзи 15 майи соли 2017, соати 14:00 дар  Муассисаи давлатии "Душанбе-Плаза" ва маросими пӯшидашавии он 20 майи соли 2017, соати 16:00 дар толори Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҷавонон" —и шаҳри Душанбе доир карда шавад",-омадааст дар қарори Рустами Эмомалӣ.

Манбаъ меафзояд, ки чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодабарии иттилооти интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим, сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии  ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон гуфта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0