Намояндагии Бунгоҳи моделҳои тоҷик дар Куреи Ҷанубӣ ифтитоҳ мешавад

© Фото : Из архива Ниссо КаюмовойЮжная Корея подписала контракт с таджикским домом моды
Южная Корея подписала контракт с таджикским домом моды - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Куреи Ҷанубӣ ва Бунгоҳи моделҳои New Era қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд

ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Бунгоҳи моделҳои New Era дар заминаи ҳамкорӣ дар соҳаи мӯд бо Анҷумани фарҳангӣ ва Маркази таҳиягарии тарроҳони Куреи Ҷанубӣ қарордод баст.

Созишнома пас аз сафари кории мудири New ERA Fashion House & Producer Center Ниссо Қаюмова ба имзо расид.

"Бунгоҳи моделҳои мо ба намояндагони фарҳанги Куреи Ҷанубӣ ҳангоми баргузор намудани шоми фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҷумҳурии Куре писанд омада буд. Дар натиҷа пас аз намоиши тарҳи ҷадид аз New ERA ин қарордод баста шуд",- мегӯяд Ниссо Қаюмова.

Ёсуман Холова - Sputnik Тоҷикистон
Ёсуман - Сафири Сулҳ ё намояндаи расмии қаторҳои Куреи Ҷанубӣ

Ба гуфтаи Нисо Қаюмова дар чорабинии фарҳангӣ вайро модели бунгоҳ, зебосанами тоҷик Ёсуман Холова ҳамроҳӣ мекард, ки ҳамзамон дар озмуни байналмиллалии зебогӣ ва имстеъдоди "Зебосанами ҷаҳон ва Суперталанлт- 2017"  дар Сеул иштирок мекард.

Ниссо Қаюмова роҳбари ширкат ва намояндаи расмии Ёсуман Холова дар озмун аст.

"Мақсади сафари мо ба Куриё аз аввал иштироки Ёсуман дар озмун ва ҳафтаи муд буд. Аммо бо як тир ду ҳадафро ба нишон расонидем",- қайд мекунад мудири Бунгоҳи моделҳои New ERA.

Ба гуфтаи хонум барои бастани шарномаи мазкур бо кишвари хориҷӣ сафири Тоҷикистон дар  Куриёи Ҷанубӣ Юсуф Шарифзода ба онҳо  кӯмак кардааст.

Лентаи хабарҳо
0