Фирдавс Аъзам: Тоҷикон "Шоҳнома" доранд, вале забонашон вазъи баде дорад

© Фото : Фирдавс АъзамФирдавс Аъзам. Акс аз бойгонии хусусӣ.
Фирдавс Аъзам. Акс аз бойгонии хусусӣ. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 15 май, ки бо 25 урдибиҳишт дар солшумории ҳиҷрии хуршедӣ баробар аст, форсизабонон Рӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосим Фирдавсиро гиромӣ медоранд.

ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik, Умед Ҷайҳонӣ. Дар бораи бузургии Фирдавсӣ шояд ҳаминро гуфтан басанда бошад, ки "Шоҳнома" шолудаи фарҳангиву қавмии мардумони эронитаборро пайрезӣ карда ва шиносномаи торихиву фарҳангии онҳо аст.

Вале ин пурсишҳо бештар посух мехоҳанд, ки оё тоҷикон аз "Шоҳнома" чӣ баҳрае гирифта ва ё бурдаанд ва оё "Шоҳнома" имрӯз чи асару таъсире бар тоҷикон дорад?

Дар ин бора мусоҳибае кӯтоҳ бо Фирдавс Аъзам, яке аз шоъирони навсухани тоҷик, вале номдор дар кишварҳои форсизабон доштем, ки пешкаши хонандагон мекунем.

Вай дар бораи таъсиру нуфузи "Шоҳнома" дар Тоҷикистон гуфт, ки пас аз нашри нусхаи интиқодии он дар Маскав, Тоҷикистон аввалин кишваре буд, ки ин асарро дар 9 ҷилд мунташир кард.

Ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки румони Сотим Улуғзода "Фирдавсӣ" яке аз беҳтарин румонҳо бо забони шевову равон таълиф шуд, ки дар соли 1999 дар Эрон Китоби сол шуд.

"Даҳҳо маҳофили Шоҳномахонӣ дар гӯшаву канори Тоҷикистон ба баррасиву пажӯҳиши "Шоҳнома" пардохтанд. Ҳамчунин, нахустин бор дар ҳавзаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои шуравӣ устод Улуғзода "Шоҳнома"-ро ба наср таҳияву тадвин кард, ки дар Тоҷикистон чоп шуд ва бад-ин васила "Шоҳнома" ба таври амиқу густурда вориди зиндагии мардуми тоҷик гашт", —  афзуд Аъзам.

Вай ёдоварӣ кард, ки "Шоҳнома" пеш аз он ҳам аз нуфузу ҷойгоҳи волое бархурдор буд: "Чунончи, дар замони Шуравӣ бар пояи достонҳои Шоҳнома се филм, аз ҷумла достони Рустаму Суҳроб, Сиёвуш ва Коваи оҳангар дар "Тоҷикфилм" сохта шуд, ки ин филмҳо дар навъи худ беназир буданд".

Фирдавс Аъзам ҳамчунин гуфт, ки дар Тоҷикистон ба нишони арҷгузорӣ ба Фирдавсӣ, бузургтарин китобхонаи Осиёи Миёна, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст, ва чандин кӯчаву хиёбоҳову марокизи мухталифи фарҳангӣ ба ёдаш номгузорӣ шудаанд.

Вай ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки солҳо пеш аз фурӯпошии шуравӣ "Фарҳанги ашъори Шоҳнома" дар Тоҷикистон таҳияву тадвин шудда буд. Пас аз фурӯпошии Шуравӣ низ тандиси Ленин, ки дар майдони марказии шаҳри Душанбе қарор дошт, бардошта шуд ва тандиси бузурги Фирдавсӣ ба ҷои он насб гардид.

"Ахиран ҳам давлати Тоҷикистон ба шаҳрандон пешниҳод дод, ки барои фарзандонашон аз Шоҳнома ном баргузинанд, ки ин асар беҳтарин номнома барои номгузорист. Ин ҳама таваҷҷуҳ ва арҷгузорӣ ҳокӣ аз нуфузу эътибори зиёди Шоҳнома миёни тоҷикон аст", — гуфт вай.

Ин шоъиру рӯзноманигор "Шоҳнома"-ро ба масобаи як ҳуввият ва шиносномаи форсизабонҳо, аз ҷумла, тоҷикон, бар шумурд ва онро "ойинае аз фарҳангу ториху забону адаби ниёконамон" хонд, ки "хираду огоҳиву маърифату ҷавонмардиву росткориву дигар ҷанбаҳои мусбати инсониро мунъакис мекунад".

Вай дар посух ба ин пурсиш, ки оё "Шоҳнома" имрӯз чи асару таъсире бар тоҷикон дорад, гуфт:

"Ҳарчанд "Шоҳнома" муаассиртарин асарест, ки пояҳои забони порсиро муҳкам карда аст, аммо мутаассифона аз "Шоҳнома" ва ҷаҳонбинии Фирдавсӣ ба он гунае ки бояд истифода кард, истифода намекунем. Шоҳнома саршор аз ҳисси ватандӯстиву фарҳангдӯстиву, хирадмандиву озодиву некиву некукорист. Вале мо дар аксар вақт танҳо бо диди шиъорӣ ба он менигарем".

Яке аз заминаҳои баҳрагирӣ аз "Шоҳнома"-ро Фирдавс Аъзам дар корбурди вожаҳову истилоҳоти ноби форсӣ, ки дар Шоҳнома фаровон аст, барои воҳидҳову ниҳодҳои чӣ давлатӣ ва чи ғайридавлатӣ медонад.

"Мо ки иддао мекунем мардуми форсизабонем, пас чаро набояд вожаҳои муносибро интихоб накунем? Забони мо ба шиддат таҳти таъсири забони русӣ қарор гирифтаву вазъаш бисёр бад шуда аст. Бояд Кумитаи забону истилоҳот ба ин масъала таваҷҷуҳ кунад", — таъкид кард вай.

Вай аз талошҳои тоҷикон барои беҳбуди вазъи забон ёдовар шуд ва гуфт: "Чунин талошҳое дар замони шуравӣ оғоз шуда буд ва Бунёди забони форсии тоҷикӣ, ки раёсати онро зиндаёд Лоиқ Шералӣ бар уҳда дошт, ин кори муҳимро анҷом медод".

Фирдавс Аъзам бар ин бовар аст, ки Тоҷикистон ба танҳоӣ наметавонад вазъи забони миллиро беҳбуд бахшад ва ниёз ба ҳамкорӣ бо ниҳодҳову созмонҳои забонпажӯҳу вожасози дигар кишварҳои форсизабон дорад.

"Бунёди забони тоҷикӣ акнун ҳам барои пӯёии забон талош мекунад, вале ба назар мерасад, ки беҳтар аст донишномае таълиф шавад, ки вожаҳову истилоҳоти роиҷ дар ҳар се кишвар, яъне Эрону Афғонистону Тоҷикистонро дар бар гирад то аз ҳар гӯише беҳтарин вожаҳоро интихоб кунем", — таъкид кард вай.

Фирдавс Аъзам донишкадаи забонҳои хориҷӣ дар Донишгоҳи Ғафурови Хуҷандро ба поён бурда ва ду сол дар Амрико донишафзоӣ кардааст. Нахустин китоби шеърҳояш, ки "Абрҳои обӣ" ном дорад, соли 2012 дар Хуҷанд мунташир шудааст. Ин маҷмуъа ба хаттҳои тоҷикӣ ва форсӣ нашр шуда ва номи Фирдавсро барои форсизабонони ҷаҳон ошно кард.

Ӯ аз истеъдоҳои ҷавони адабиёти муъосири Тоҷикистон ва нахустин шоъири ҷавонест, ки шеъри нави зулолро истиқбол кардааст. Вай дар ин навъи ҷадиди шеър дастовардҳои шоистае дорад ва намунаҳое аз ашъораш дар маҷмуъаҳои шеъри шоъирони муъосири Эрону Афғонистон ҷой дода шудаанд. Дувумин китоби шеъраш, ки "Як бағал ғазал" ном дорад, дар Эрон мунташир шуд. Ҳамин маҷмуъа дар соли 2015 дар Ландан низ бознашр шуд ва барандаи ҷоизаи Конуни нависандагони Тоҷикистон гашт. Севумин маҷмуъаи ашъораш "Ойини ойина" дар Теҳрон дар дасти чоп аст. 

Лентаи хабарҳо
0