Ҳунарнамоии фарҳангиёни Узбакистонро дар Турсунзода 15 ҳазор кас тамошо кард

© Sputnik/ Сергей КузнецовНародный артист Узбекистана Гуломжон Ёкубов
Народный артист Узбекистана Гуломжон Ёкубов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барномаеро, ки бо ширкати ҳунармандони узбакистонӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода баргузор гардид, 15 ҳазор кас аз сокинону меҳмонони шаҳр тамошо карданд

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Шоми 13 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода барномаи консертӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Узбакистон дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, зиёда аз 15 ҳазор сокинон ва меҳмонони шаҳри Турсунзода аз тамошои барномаи консертӣ баҳра бурданд.

Консерт дар шаҳр бо иштироки  ҳофизону раққосаҳои номдори Узбакистон ба монанди Ғуломҷон Ёқубов, Севинч Мӯминова, Маҳмуд Намозов, Анвар Собиров ва дигарон баргузор гашт.

"Кафкӯбию гулдастаҳо, инчунин рақси тамошобинони ҳаваскор гувоҳи он буд, ки ҳунару санъати волои меҳмонони узбак қалби аксари тамошобинонро тасхир кардааст",- гуфта мешавад дар хабар.

Баъди анҷоми барномаи консертӣ ҳайати расмӣ ва иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Узбакистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварашон рафтанд.

Лентаи хабарҳо
0