Эмомалӣ Раҳмон: Ҷанги Тоҷикистон аз масҷидҳои Хатлон оғоз ёфта буд

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо хатлониён ёдоварӣ кард, ки оташи ҷанги солҳои 1990-ум аз масҷидҳои вилояти Хатлон бархоста буд

Душанбе, 13 май — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дорад, имрӯз бо раҳбарону фаъолони ин вилоят дидор кард.

Чуноне ки дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур хабар медиҳад, раҳбари кишвар дар дидор дар бораи дастовардҳои иқтисодии Хатлон суханронӣ карда, аз ҷумла ёдовар шуд, ки ахиран дар ин вилоят 29 тарҳи сармоягузорӣ ба маблағи 3,6 милёрд сомонӣ иҷро шуда ва то соли 2020 якчанд тарҳ ба маблағи 6,4 милёрд сомонӣ иҷро хоҳад шуд.

Вай аз тарҳҳои бозсозии роҳҳои Душанбе — Қӯрғонтеппа, Шамсиддин Шоҳин — Шоҳон, сохтусози нерӯгоҳҳои барқи обии "Норак" ва "Сарбанд", бозсозии шабакаҳои обрасонии ноҳияҳои Панҷ ва Ҳамадонӣ, марҳалаи севуми обёрии заминҳои водии Данғара ёд кард ва гуфт: "Дар се соли оянда иҷрои тарҳҳои бозсозии роҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа ба маблағи беш аз 1,8 милёрд сомонӣ, Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин 432 милюн, Қӯрғонтеппа — Данғара 510 милюн, Гулистон — Кӯлоб 204 милюн сомонӣ ва бунёди марказҳои логистикӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии "Данғара" ва "Панҷ" ба нақша гирифта шудааст".

Раисҷумҳур афзуд, ки соли гузашта дар ноҳияи Ёвон се корхонаи бузурги тавлидӣ ва дар ноҳияи Данғара як муҷтамеъи калони нассоҷӣ ба баҳрабардорӣ расида, ки ҳазорҳо ҷойи нави корӣ офаридаанд. Ҳамчунин давлат бо ҷалби беш аз 3 милёрд сомонӣ сармояи хориҷӣ корхонаи нуриҳои азотии шаҳри Сарбандро навсозӣ хоҳад кард, ки зарфияти тавлидии онро дуву ним баробар афзуда, беш аз 1500 касро бо кор ва бозори дохилиро бо нуриҳои маъдании арзон таъмин хоҳад кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар бахши дигар аз суханронияш вазъи иҷтимоъиву амниятии вилоятро баррасӣ кард ва аз ширкати бархе аз хатлониён дар ҷангҳои Ховари Миёна ёд кард ва гуфт:

"Дар панҷ солу се моҳи ахир дар ҳудуди вилоят камубеш 1198 ҷинояти хусусияти террористиву экстремистидошта ошкор ва нисбат ба 985 нафар 861 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Аз ин шумора 537 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 744 нафар барои ҷалб ва иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, аз ҷумла Сурия ва Ироқ оғоз карда шудааст. Айни замон 507 нафар сокинони вилоят, аз ҷумла 70 оила дар ҳайъати 252 нафар (84 мард, 76 зан ва 92 кӯдак) дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд ва мувофиқи маълумоти дастрасшуда 60 нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд".

Раисҷумҳур гуфт, бештар аз ҳама аҳолии шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Ҷалолиддини Балхӣ, Қубодиён, Вахш, Бохтар, Шаҳритус, Кӯлоб, Фархор, Восеъ ва Ҳамадонӣ ба Сурияву Ироқ ҷанг рафтаанд. Вай ҳамчунин аз он нигаронӣ кард, ки аз 1519 хатлоние, ки дар мадрасаҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд, танҳо 1334 кас ба Тоҷикистон баргардонда шуда, 185 кас то ҳол дар хориҷ ҳастанд.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, "кирдору рафтори имрӯзаи баъзе сокинони вилоят, аз ҷумла бархе аз ҷавонон, ки гирифтори доми фиреби равияҳои хатарноки экстремистиву террористӣ, афкору андешаҳои барои миллати мутамаддину фарҳангии мо бегона ва махсусан хурофоту бегонапарастӣ шуда, ҳатто ба тарзи либоспӯшии бегона тақлид мекунанд, боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад ва аз ҳамаи мову шумо андешидани чораҳои қатъиву саривақтиро тақозо дорад."

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, онҳое ки дунболи мазҳабҳои бегона мераванд, набояд фаромӯш кунанд, ки "мо мазҳаби таҳаммулгарои худро дорем ва пири мазҳаби мо шахсияти барҷастаи олами ислом — Имоми Аъзам Абуҳанифа мебошад".

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки низоми дунявии давлати Тоҷикистон "бо майлу иродаи мардуми шарифи кишвар қабул гардидааст ва он тағйирнопазир мебошад".

Эмомалӣ Размон гуфт, Тоҷикистон ниёзе ба ҷаҳонбинӣ ё мазҳаби бегона надорад ва кӯшишҳои сиёсисозии дини Исломро қотеона маҳкум мекунад.

Вай ҳамчунин аз ҷанги солҳои 1990-ум ёдовар шуд ва гуфт:

"Мардуми Тоҷикистон ҳанӯз фаромӯш накардаанд, ки оташи ҷанги шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-ум маҳз аз масҷидҳои вилояти Хатлон бархоста буд. Бинобар ин, мо бояд ба ҳар гуна рафтору кирдорҳои нангину хатарноки гароиш ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротӣ ва гумроҳ кардани мардум, алалхусус, ҷавонон нуқта гузорем ва ба хотири таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва манфиатҳои давлату миллат доим ҳушёру зирак бошем".

Ҳамзамон вай бо ёдоварӣ аз "фидокориву ҷоннисориҳои ҷавонмардони вилояти Хатлон барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ки асоси онро тарзи зиндагии дунявӣ ташкил медиҳад", гуфт, марзи тулонии вилояти Хатлон бо Афғонистон дар ин шабу рӯз ҳушёриву зиракии фавқулоддаеро аз мақомот ва ҳамкории фаъоли мардуми ин вилоятро тақозо мекунад.

Лентаи хабарҳо
0