ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ҷангҷӯёни созмони тундрави "Толибон" қаламрави ҳукумати худро дар Афғонистон густариш хоҳанд дод, гуфта шуда дар гузориши раҳбари Иттилоъоти миллии ИМА Дениел Коутс ба Маҷлиси қонунгузории Амрико.
"Авзоъи сиёсӣ ва амниятӣ дар Афғонистон дар соли 2018 эҳтимолан бадтар хоҳад шуд ва ёрирасониҳои Амрико ва кишварҳои муттаҳидаш низ аз ин раванд пешгирӣ нахоҳанд кард", — пешбинӣ шуда дар ин гузориш.
Далоили аслии бад шудани авзоъ дар Афғонистон нопойдориву нокоромадии низоми сиёсӣ ва камтавонии нерӯҳои амниятии кишвар ва ҳамчунин оштинопазириву ҷангҷӯии Толибон дониста шудааст.
"Кайфияти амалиёту иқдомоти нерӯҳои амниятии Афғонистон ба эҳтимоли зиёд дар соли 2017 дар паи амалиёти Толибон, талафот дар ҷангҳо, фирори сарбозон аз ҷанг, пуштибонии заъифу кунд аз амалиёт ва фармондеҳии заъиф рӯ ба коҳиш хоҳад ниҳод", — оварда шудааст дар ин гузориш.
Фармондеҳ Коутс бар ин бовар аст, ки нерӯҳои давлатии Афғонистон танҳо бо пуштибонии молӣ аз хориҷ метавонанд аз пой дар науфтанд.
"Ҳарчанд "Толибон" дар соли 2016 натавонист маркази яке аз вилоётро бигирад, вале пас аз кушта шудани саркардааш Мулло Мансур тавонист аз ҳарҷу марҷ дар саффҳояш пешгирӣ кунад ва эҳтимолан қаламрави ҳукумати худро дар Афғонистон густариш хоҳад дод", — гуфта мешавад дар гузориш.
Дар ин гузориш ҳамчунин авзоъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ баррасӣ шудааст. Идоракунандаи Иттилоъоти миллии Амрико бар ин назар аст, ки ин кишварҳо дар соли 2017 низ ҳамчунон миёни Русия, Чин ва кишварҳои Ғарб барои дарёфти ёриву пуштибонии молӣ ва амниятӣ дар талош хоҳанд буд.
Дениел Коутс ҳамчунин гуфта, ки дар паи коҳиши ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон ифротгароӣ кишварҳои Осиёи Марказиро бештар таҳдид хоҳад кард.